АНЪАНАҲОИ ИНСОНДӮСТӢ ДАР АШЪОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Abstract
Мақола ба таҳқиқи идомаи анъанаи инсондӯстии классикии форсу тоҷик дар ашъори Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст. Ҳадафи таҳқиқ муайян намудани вижагиҳои ворисият ва таҷдиди ғояи инсондӯстӣ дар поэтикаи шоири муосир мебошад. Методология бар асоси таҳлили муқоисавӣ-таърихӣ, таҳлили поэтикӣ ва усули интертекстуалӣ сурат гирифтааст. Дар раванди таҳлил ашъори Саъдӣ ҳамчун намунаи барҷастаи анъанаи классикӣ бо байтҳои Лоиқ муқоиса карда шуданд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки Лоиқ Шералӣ суннати инсондӯстии классикиро на ба шакли тақлид, балки дар қолаби бозофаринии эҷодкорона идома дода, онро бо мазмуни иҷтимоӣ ва таърихии асри ХХ ғанӣ гардондааст. Образи инсон дар ашъори ӯ ҳамчун субъекти ахлоқӣ ва масъули иҷтимоӣ тасвир шуда, инсонигарӣ ба сифати арзиши бунёдии фарҳангӣ ва меъёри бақои ҷомеа матраҳ мегардад.
Fields of Study & Subjects
Poetry Analysis and Criticism
Comparative Literary Analysis and Criticism
Comparative and World Literature
Publication details
- Journal / source
- Zenodo (CERN European Organization for Nuclear Research)
- Publication date
- 28 February 2026
- Language
- TG