МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ (МОИ) ДАР НИЗОМИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚАВИИ ТОҶИКИСТОН
Abstract
Мақолаи мазкур ба таҳлили нақш ва аҳамияти стратегии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар низоми рушди иқтисодиёти минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он зарурати таъсиси МОИ ҳамчун омили асосии амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар баррасӣ мегардад. Хусусиятҳои фаъолияти минтақаҳои калидӣ, аз ҷумла «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим», инчунин низоми имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки барои ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ равона шудаанд, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Бо такя ба маълумоти оморӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, муаллиф собит менамояд, ки МОИ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар саҳми назаррас доранд. Хулоса карда мешавад, ки рушди инфрасохтори МОИ ва дастгирии давлатии онҳо механизми муҳими гузариш ба иқтисоди индустриалӣ ва таъмини рушди устувори минтақаҳо мебошад.
Fields of Study & Subjects
Economic Zones and Regional Development
Economic Development and Regional Competitiveness
Regional Development and Management Studies
Publication details
- Journal / source
- Zenodo (CERN European Organization for Nuclear Research)
- Publication date
- 15 February 2026
- Language
- TG