НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯИ ПСИХОЛОГӢ - ПЕДАГОГӢ ҶИҲАТИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ

Read full text
Authors: ЗОҲИРОВА БАРГИ
Cited by: 0

Abstract

Муаллиф дар таълифоти хеш оид ба нақши технологияи психологӣ - педагогӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳаи илмҳои педагогӣ андешаронӣ намуда, қайд намудааст, ки дар шароити муосири муассисаҳои таълимӣ тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ яке аз талаботҳои ҷомеаи имрӯза мебошад. Дар мақола омадааст, ки омӯзгори дорои маҳорату малакаи баланди касбӣ метавонад технология, усул ва шаклҳои таълимро такмил дода, фаъолияти босуръати маърифатии хонандагон, донишҷӯёнро таъмин созад. Дар раванди ин фаъолият қобилиятҳои зеҳнӣ, касбӣ ва эҷодии онҳо инкишоф меёбад, ки ин худ аз баландшавии сифати таълим ва омодагии мутахассисон дар низомҳои гуногуни таълимӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин, дар мақола қайд шудааст, ки вазифаи асосии таълими касбӣ - педагогӣ аз ҳалли вазифаҳои эҷодии педагогӣ иборат аст. Раванди ташаккули касбии омӯзгори оянда бояд тибқи имконоти мавҷуда моделсозии сохтори мавриди назари фаъолияти навоварона бошад. Аз ин рӯ, барои инкишофи ҳамаҷонибаи донишҷӯён омӯзгорон, қобилиятҳои зеҳнӣ, касбӣ ва эҷодии онҳо нақши муҳим мебозанд, чунки ин омилҳо муҳити эҷодии таълимӣ ба вуҷуд меоранд. Чунин муҳитро метавон нахуст барои фанҳои алоҳида бо кӯмаки омӯзгорони ботаҷрибаи соҳибкасб фароҳам овард.

Fields of Study & Subjects

Education Psychology and Social Research Educational Methods and Teacher Development Psychology of Development and Education

Publication details

Journal / source
Zenodo (CERN European Organization for Nuclear Research)
Publication date
28 February 2026
Language
TG